Сафи пайгамбарон бошад мукаддам.
Хисоби аввал аз пайгамбарон аст,
Пас аз эшон хисоби дигарон аст.
Худо гуяд, ки эй чамьи расулон,
Фиристодам шумоенро ба кавмон.
Бикардам вахйхо, додам китобе,
Чихо кардед ? Гуйедам хисобе.
Чихил сол сар фуру монанд хайрон,
Бибардоран сар онгах расулон.
Бигуянд, эй Карими олимулгайб,
Ту медони тамоми бе шаку райб.
Хар он чи карда буди амру фармон,
Расонидем онхоро ба кавмон.
Валекин аксари кавм аз чахолат,
Бирафтанд аз пай нафсу залолат.
Заданд дар панди мо санги чафохо,
Шудан носех, шунидем носазохо.
Шавад он гах зи Зоти пок фармон,
Хисоби худ дихед, кавми чудогон.
Зи кавми Нух пурсанд аввал хол.
Чихо кардед эй мардум, маху сол,
Ба Мавлотон чаро бегона будед .
Ба савдои бутон хамхона буден,
Чаро фармони Пайгамбар набурдед.
Зи нахли умурхотон бар набурдед,
Шаванд шармандаву расвои махшар.
Пушаймони чи суд аз дидаи тар,
Бигуянд, эй Худо , мондем махрум.
Зи урфонат ба куфру хислате шум,
Хама сархо фуру дар хичолат.
Чу хар дармондаи лойи залолат,
Ки пурсид аз тамоми кавми кофир.
Шаванд икрори махруми ба охир,
Ба дузахт амр созад Хак Таьоло.
Биронд малоиконаш бе сару по,
Нидо ряд ба ахли илму дониш.
Чи кардед аз амал з-илму хониш?
Шудед олим ба амру нахи Курьон.
Расонидед е суди кавмон,
Ба чону дил амал кардед е на ?
Ба нодон панд мегуфтед ьало е на ?
Дихедам хар чавоби нек е бад,
Чихо кардед аз макбул е рад.
Фуру монад олимхо чихил сол,
Зи хичлатхову хайрат бе забон, лол.
Бигуянд онгах эй Донои асрор,
Расонидем ба мардум зи ахбор.
Намозу рузаву аз хайру эхсон,
Бигуфтем амру нахйи Ту ба халкон.
Ба чон баьзе шунида дар амал шуд,
Ки баьзе кохилу баьзе касал шуд.
Ту донои ба холи неку бадкор,
Аен бошад ба иллат чумла асрор.
М. Чунуни


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2