Кисахое,ки аз саргузашти рузгор ва хоисахои талхи зиндаги пешкашатон мегардад,танхо барои фахмиш ва хушёр гаштани шумост. РУЗЕ фарзанди чигаргушаи пайгамбар ( с) бо номи Иброхим, дар аёми тифлияш аз олам гузашт. Дустони азиз! Кудаки бегунох ва хурд барои хамаи мо ширину азиз аст. Пас Иброхим хам барои пайгамбар (с) дустдору ширин буд. Хангоме,ки ин тифли бегунох аз олам гузашт,гаму андух ва гиряхои гамангез, пайгамбаррро фаро гирифт. Пайгамбар (с) бисёр гамгин гашта гиря мекард, аммо гиряхои бе садо дошт,зеро дар Ислом баланд гиря кардан харом аст. Хамрохи хазрати Умар (р) часади ин фарзанди пайгамбарро, ба кабристон барои ба хок супоридан бурданд. Пайгамбар (с) часади фарзанди ширинашро, бо дастхои худ ба дохили кабр гузошт ва чунон гиря кард,ки хатто риши муборакаш тар шуд. баъди гузоштан, ба суи часади фарзандаш нигарист ва гуфт: эй чигаргушаи ман! Баъд аз рафтани мо, ба назди ту ду пурсандае бо номи Мункар ва Накир меоянд ва аз ту мепурсанд,ки Худоят кист? Ту дар чавоб бигу: Худоям Аллох аст. Боз аз ту мепурсанд: пайгамбарат кист? Ту чавоб бигу: пайгамбарам,яъне падарам Мухаммад (с) аст. Боз туро суол медиханд: динат чист? Дар чавоб бигу: динам Ислом аст. Баъди ин гуфтахо, пайгамбар (с)-ро гиряи бисёре фаро гирифт. Хазрати Умар (р),ки дар болои сарашон истода буд, гиря мекард. Вакте ки пайгамбар (с) ба болои сараш нигох кард,ки Умар (р) гиря дорад. Гуфт: Эй Умар! Ман барои фарзандам гиря дорам,аммо ту чаро гиря мекуни? Умар (р) гуфт: эй дусти Худо! Агар Худованд ин кудаки бегунохро,ки пурсад,пас УМАР бо ин умре,ки гузаронидааст,чи чавоб мегуфта бошад. Яъне гиряи Умар барои он буд,ки аз ин кудак ибрат гирифт ва худро дар чои хамон кудак,тасаввур кард,зеро медонист,ки рузе мешавад,ки Худованд уро хам чунин суолу чавоб мекунад. пас бародари азизам! Магар аз марги ин писари хурд чизе ибрат нагирифти? Магар бо ин умре,ки дар гафлату бенамози гузаронидаи, чавоб намегуи? Албатта, хар як сухани мо ва амали мо дар назди Худо санчида мешавад ва чавоб гуфта мешавад. Дустони азиз! Чанд руз мешавад,ки мушохида мекунам,ки дар зери ин киссахо, дар коментарияхо баъзе писарону духтарон, шиносои пайдо карда,хато писархо аз духтархо номери телефон талаб мекунанд. Баъзе духтарону писарони дигар бошад, бо хамдигар бахс карда окибати бахсашон ба хакорату суханони дилхарош мерасад. Магар бо ин амал ва ё бо ин суханони баде,ки менависе ва ё мегуем, оё гунахгор намешавем??? Мо бояд ибрат гирем ва ё шиносои пайдо кунем???чавонони азиз ва хохарони мехрубон, хушёр бошед,зеро хамаи амалхои мо назди пардаи Худованди пушида нест. пас тасаввур кунед,ки вакте ки Худованд аз кудаки бегунох,ки пурсиш кунад,пас оё аз корхое,ки мо екунем, пурсиш намекунад??? Иншоаллох бовари дорам,ки ин киссахо ва ин мехнатхои шабонарузии мо назди шумо кадр ва кимати хос дорад,зеро хамаи ин ходисахо барои обдииву хушёр гардидани шумост. Худо нигахбони хамаи шумо,азизони дил! « нависанда ва эчодкор Зайдуллои Хамадони».


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев