покиву Худоӣ,
Наравам ҷуз ба ҳамон раҳ , ки Туам
роҳнамоӣ.
Ҳама даргоҳи Ту ҷӯям , ҳама аз
фазли Ту пӯям,
Ҳама тавҳиди Ту гӯям , ки ба
тавҳид сазоӣ.
Ту зану ҷуфт надорӣ, Ту хуру хуфт
надорӣ,
Аҳади безану ҷуфтӣ , малики
комравоӣ.
На ниёзат ба валодат на ба
фарзанд – т ҳоҷат,
Ту ҷалилул ҷабарутӣ , Ту насирул
умароӣ.
Ту ҳакимӣ , Ту азимӣ , Ту каримӣ ,
Ту раҳимӣ,
Ту намояндаи фазлӣ , Ту сазоворӣ
саноӣ.
Барӣ аз ранҷу гудозе , барӣ аз
дарду ниёзе,
Барӣ аз биму умеде , барӣ аз чуну
чароӣ .
Барӣ аз хӯрдану хуфтан , барӣ аз
ширку шабеҳӣ.
Барӣ аз сурату ранге , барӣ аз айбу
хатоӣ.
Натавон васфи Ту гуфтан , ки Ту
дар фаҳм нагунҷӣ,
Натавон шибҳи Ту гуфтан , ки Ту
дар ваҳм наёӣ


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев