Расонаҳои байналмилалӣ дар таҳлили амалиёти “Ваъдаи Содиқ-3” иттифоқи назар доранд, ки падофанди чандлояи режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти шармоваре муқобили мушакҳои эронӣ хӯрдааст.
Расонаҳои байналмилалӣ дар таҳлили амалиёти “Ваъдаи Содиқ-3” иттифоқи назар доранд, ки падофанди чандлояи режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти шармоваре муқобили мушакҳои эронӣ хӯрдааст.
Ҳамлаҳои мушакии кӯбандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ дар посух ба таҷовузҳои ин режим аз ҳафтаи гузашта токунун бозтоби густардае дар расонаҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дошта ва ҳамаи ин расонаҳо иттифоқи назар доранд, ки ташкилоти падофандии чандлояи режими саҳюнистӣ таҳти ҳимояти номаҳдуди Амрико, шикасти сангине дар баробари мушакҳои эронӣ мутаҳаммил шудааст.
Эрон чигуна бозори сомонаҳои падофандии режими саҳюнистиро дар ҷаҳон нобуд кард?
Дар ин замина, пойгоҳи хабарии Дойчавелаи Олмон эълом кард, ки тибқи иттилооти сервиси иттилооти Амрико, Эрон дорои яке аз бузургтарин зарродхонаҳои мушакҳои баллистик дар Ховари Миёна аст ва шавоҳид нишон медиҳад, ки дар вақтҳои мухталиф, Эрон ба шакли мустақим ё аз тариқи ҳампаймонони худ аз онҳо истифода мекунад. Мушакҳои баллистик бахши муҳиме аз зарродхонаи мушакии Эрон ҳастанд, ки аз онҳо дар ҳамлаҳо алайҳи режими саҳюнистӣ дар ибтидои октябри 2024 ва ҳамчунин ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш истифода мешуданд. https://tajikpress.com/2025/07/01/%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b2%d0%be%d0%b8%d0%b8-%d0%bf%d0%b0%d0%b4%d0%be%d1%84%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d0%bb%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d0%b2-%d0%b1%d0%b0-%d1%80%d0%b8%d0%b2%d0%be%d1%8f%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев