Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ар пайи ҷинояти саҳаргоҳи имрӯзи режими саҳюнистӣ, хитоб ба миллати бузурги Эрон паём ирсол намуд.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Миллати бузурги Эрон!
Режими саҳюнӣ дар саҳаргоҳи имрӯз, дасти палид ва хунолуди худро ба ҷинояте дар кишвари азизамон кушод ва зоти хабиси худро бо задани марокизи маскунӣ беш аз гузашта ошкор кард. Режим, бояд мунтазири муҷозоти сахт бошад.
Дасти қудратманди неруи мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ӯро раҳо нахоҳад кард, биизниллоҳ.
Дар ҳамалоти душман, тане чанд аз фармондеҳону донишмандон ба шаҳодат расиданд. Ҷонишинону ҳамкорони онон бедиранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт, иншоаллоҳ.
Режими саҳюнӣ бо ин ҷиноят, барои худ сарнавишти талху дардноке тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард.
Сайид Алии Хоманаӣ
23 хурдоди 1404 ҳ.ш.
(13/06/2025) https://tajikpress.com/2025/06/13/%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d2%b7%d0%b8%d1%8d-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d2%b7%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев