Ансоруллоҳ: Посухи мо дарднок хоҳад буд
Дар ҳоле ки ҳамлаҳои Амрико ва Англис аз чанд соат пеш ба Яман оғоз ёфт ва ҳоло ҳам идома дорад, Ансоруллоҳи Яман эълон кард, ки бешак ба ин ҳамлаҳо посух хоҳад дод.
Ба гузориши хабаргузории манобеи яманӣ, як мақоми дифоии амрикоӣ аз суқути як паҳподи амрикоӣ хабар дод ва эълон кард, ки Ансоруллоҳи Яман таҳдид кардааст, ки барои муқобила бо амалиётҳои низомии Амрико ҳамлаҳои нав анҷом хоҳанд дод.
Ҳамлаи Амрико ба Маъриб ва минтақаҳои дигар аз Саъда дар шимоли Яман
Расонаҳои вабаста ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, аз идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба шаҳри Саъда дар шимоли Яман хабар доданд.
Бар асоси гузориши ин расонаҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоӣ дар се навбат шаҳристони Маҷзар дар вилояти Маъриб дар шимоли шарқи Яманро ҳадаф қарор доданд. Ҳамчунин, дар ҳамлаҳои ҳавоии мутаҷовизонаи Амрико, минтақаи Ал-Сабаъ дар вилояти Саъда низ се навбат ҳадафи ҳамалоти амрикоӣ қарор гирифта, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони яманӣ осеб дидаанд.
Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман: Муҷозоти таҷовузгарон дарднок хоҳад буд
Шӯрои олии сиёсӣ дар Яман низ ба таҷовузи Амрико ва Англис ба минтақаҳои мухталифи он кишвар вокуниш нишон дод. https://tajikpress.com/2025/03/16/%d0%b0%d0%bd%d1%81%d0%be%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев