Раиси нави Ситоди кулли артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар изҳороте, ки бештар барои боло бурдани рӯҳияи низомиёни ин режим буд, иддао кард: "Имсол соли ҷанг хоҳад буд".
Ба гузориши хабаргузории шабакаи “Ал-Ҷазираи Қатар”, канали 14-и режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ин бора эълом кард: “Эял Замир”, сардори нави Ситоди кулли артиши Исроил дар изҳороте ҷангталабона иддао кардааст: “Соли ҷорӣ мелодӣ соли ҷанг бо тамаркуз ба Ғазза ва Эрон хоҳад буд.”
Дар ҳамин росто, “шабакаи 12-и Исроил” низ гузориш додааст: Сардори нави Ситоди артиши Исроил дастури ташкили як лашкари нави танкӣ ва як лашкари нави пиёданизомро содир кардааст.
Бар асоси гузориши ин шабакаи телевизионии исроилӣ, Замир ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки воҳиди стратегии марбут ба Эронро мунҳал карда, вазифаҳои онро миёни дигар воҳидҳои артиш тақсим кунад.
Замир ҳамчунин эълом кардааст: Бозгардонидани асирони исроилӣ як “вазифаи ахлоқӣ” мебошад ва ӯ тамоми талоши худро барои ҳосил кардани ин ҳадаф ба харҷ хоҳад дод.
Бархе манобеи хабарӣ эълом карданд, ки Замир ин суханонро дар маросими муаррифии худ ва ивази Ҳертсӣ Ҳалевӣ баён кардааст. https://tajikpress.com/2025/03/06/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев