Вазорати тандурустии Фаластин имрӯз, чаҳоршанбе, бо интишори баёнияе эълом кард, ки режими исроил дар тӯли 24 соати гузашта боиси шаҳодат ва захмӣ шудани бештар аз 300 фаластинии дигар шуд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар баёнияи Вазорати тандурустии Фаластин омадааст, ки режими исроил дар 467-умин рӯз аз ҷанг бо анҷоми 6 ҷинояти нав сабаби ба шаҳодат расидани 62 нафар ва захмӣ шудани 253 нафар шудааст.
Ба ин тартиб, шумори шаҳидони ҷанг дар Ғазза аз 7-уми октябри 2023 то ба имрӯз ба 46 ҳазору 707 нафар ва шумори захмиҳо ба 110 ҳазору 265 нафар расидааст.
Ҷиноятҳои Исроил дар ҳоле идома доранд, ки манобеи расмӣ аз қарордоди эҳтимолии оташбас ва табодули асирон миёни Ҳамос ва режими исроил хабар медиҳанд.
Бархе аз манобеъ таъкид мекунанд, ки дар воқеъ тавофуқи оташбас ҳосил шудааст, аммо эъломи ин тавофуқ машрут ба механизмҳои иҷроии он аст. https://tajikpress.com/2025/01/15/%d1%88%d1%83%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-46-%d2%b3%d0%b0%d0%b7/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев