Предыдущая публикация
В ар бувад низ вафодор чаро ёр шавам
Ту мапиндор маро дар шумари шеваи хеш
Ки бар ҳар хас чу ту аз боди ҳаво ёр шавам
Гар кунад ҳар сари муйи ту ҷудо бори дигар
Ман ба ҳар як сари муйи ту ҷудо ёр шавам
Ғамзаи шухи ту дар даъвии хунам ки равост
Гар гувоҳӣ бидиҳад ман ба гуво ёр шавам
Ҷони ширин чу аз он лаб набаред эй магасон
Чи шавад гар мани мискин ба шумо ёр шавам
Гуфтамаш чист ки ҳаргиз нашавӣ ёри Камол
Гуфт ман подшаҳам кай ба гадо ёр шавам


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев