Предыдущая публикация
Ки бирафт аз бари ман ёри ситамкораи ман
Дил ниҳодам мани мискин ба ҳалоки тани хеш
Чӣ кунам дар ғами у нест ҷуз ин чораи ман
Вой бар ҷони ману бекасиву танҳоӣ
Ки набудӣ ғами у мунису ғамхораи ман
Ҳаваси лаъли лаби у ба хароботи муғон
Кард сад бора гарав ҳирқаи садпораи ман
Ай сабо гар гузар аз кӯйи дилором кунӣ
Боз пурсӣ хабаре з ин дили овораи ман


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев