Гарчи иҷоза аст ҷанобон низ хонанд, вале бидуни ҷанҷолу ранҷиш..
Дар Қуръон сурае ба номи мардҳо нест, вале сураи Занҳо ҳаст.
Дар фанни шеъру балоғат мардҳо ба шеру паланг ташбеҳ мешаванд, аммо духтарон гоҳо ба моҳу гоҳо ба гул.
Чун аз мақоми Фотима пурсиданд, Падари бузургвораш (с) гуфт:
Порае аз вуҷудам аст, ҳарчи ӯро нороҳат кунад маро низ нороҳат мекунад.
Мард агар сад хона ҳам харад ё созад касе намегӯяд, хонадор шуда аст. Аммо чун духтареро ба занӣ гирад, ҳатто дар хонаи иҷора ҳам бошад мегӯянд, хонадор шуда аст.
Мардон бояд эътироф шавем, ки хонаву молу қаср бидуни ӯ дар ҳукми адам аст.
Зане паёмбар нашуда аст.
Сабабашро мегӯянд, ки ӯ заиф асту таҳаммули сахтиҳор надорад. Саҳеҳ аст. Аммо шояд Худованд нахоста, ки ӯ чун паёмбарон аз мардум туҳматҳо шунида озурдахотир шавад.
Марям паёмбар набуд, аммо паёмбар Закариё (ъ) дар хидмати ӯ буд.
Бале занон паёмбар нашуданд, вале паёмбарон бо бӯй онҳо, дар оғуши гарми онҳо ба воя расиданд.
Агар Юсуф (ъ) ҳохар медошт, намегузошт бародаронаш ӯро дар чоҳи биёбон андозанд, балки дар чоҳи қалбаш ӯро пинҳон мекард.
Бародарон барои ӯ чоҳи саҳроӣ хостанд, вале агар хоҳар медошт, барояш ҷоҳи подшоҳӣ мехост.
Агар Юсуф (ъ) хоҳарбузург медошт, чун хоҳарбузурги Мусо (ъ) ба ҷустуҷӯяш мерафт ва ӯро ёфта назди падар меовард.
Гӯянд, имом Аҳмади Ҳанбаро чун аз духтар ёфтани нафаре аз ёронаш хабар мерасид, мегуфт, барояш гӯед, ки паёмбарон духтардор буданд.
Агар духтар неъмати бузург набуд, Худованд ӯро пеш аз писар зикр намекард.
Дар сураи Шуро фармуд.
Ҳар киро хоҳад духтар медиҳад ва ҳаркиро хоҳад писар медиҳад.
Мардҳо наранҷанд. Бале, шумо ҳам беҳтаринед, вале дар ин сурат, ки бо хонумон муомилаи хуб дошта бошед.
Ин сухани мо не, ин ҳадис аст:
Фармуд:
“Беҳатрини шумо касоне ҳастанд, ки бо ҳамсаронашон хушмуомила бошанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев