💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
💎 Бародари гиромӣ, хоҳари азиз!
❗ Ҷашни шодиовари Фитр бар шумо ва ҳама мусулмонони роҳёфта ба меҳмонии хони пурфазли илоҳӣ муборак бод ва рӯзаву намозу ҷумла тоъоту ибодот пазируфта!
☝ Худои таъоло вуҷуди шуморо беранҷ дород, умратонро дароз кунод ва ин моҳи муборакро ба такрору паёпай меҳмону насибатон гардонод, то онро бо тани сиҳату дили беғам рӯза бидоред ва дар дарёи мағфирату раҳмату фазли илоҳӣ худро аз олудагиҳои ахлоқӣ, аз гуноҳу маъсият шустушӯ диҳеду поку покиза шавед, дақиқан, мисли ҳамон рӯзе, ки аз модар ба дунё омадаед!
🔆 Шодӣ дар қалбатон партавфишон, лабатон аз хандаву табассум шукуфон, димоғатон бо атри хушӣ оганда ва чашму басирататон бо нури саъодат пурнур!
☀ Гузаргоҳи зиндагиятон мудом бар гулгашти хайр бод ва қадамгоҳатон – марғзори накӯкирдорӣ, киштгоҳи пурҳосили рамазониятон – шоистаи дарав, хирмангоҳатон – меваҳои чидаи истиҷобати дуо ва нишемангоҳатон – боғи пурфайзи савоб, баромадгоҳатон аз моҳи мубораки Рамазон – ҳамгом бо баромадан аз қайди гуноҳ ва завлонаҳои маъсият!
🌼 Ҳар рӯзе ки инсон аз гуноҳу кори бад дур бошад, ид аст, пас, аз Худо талабгорам, ки шуморо аз ҳар бадиву маъсияту гуноҳ дур созод ва ҳар як рӯзи умратонро бо тоъату ибодату зикру муҳаббаташ дар ризои худ ҳамвора ид гардонод!
〰〰〰〰〰〰〰〰〰
✍ Фирдавсии Нуралиён,04.06.2019, Аҷмон, ИМА, .
💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1