💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
☝Гоҳе, мо аз аз олами ҳақиқат чунон дур мешавему дар биёбони орзуи бепоя чандон роҳгум мезанем, ки армони муҳоли худро воқеъият мепиндорем ва зери таъсири таваҳҳуму тасаввуроти бофтаи ақли коҳили худ умре зиндагӣ мекунем, монанди одами ташналаби рӯ ба ҳалок дар биёбон, ки сароб дар чашмаш оби мусаффо менамояду дар водии умр бо давидан аз паи он аз ин тал ба он тал худро таскин медиҳад, ҳол онки аз ташнагӣ бемадор асту забонаш ба коми хушкаш часпидаву ҷонаш ба ҳалқ расида.
💬 Ҳакиме фарзона гӯяд:
📛 Басо ситампеша худро ситамдида пиндорад,
⛔ басо ҳаромхор худро парҳезгор бинад,
🛑 басо каҷрав бовар дорад, ки додгар аст
🚫 ва басо кас дониш аз барои дунё ҷӯяд, вале пиндорад, ки онро барои охират меҷӯяд.
〰〰〰〰〰〰〰〰〰
✍ Фирдавии Нуралиён, 08.06.2015, Истанбул, Туркия
💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев