Предыдущая публикация
ПСЖ!!
Это круче стамбульского финала. Это
кино.
Барселона 6:1 ПСЖ
Голы: 1:0 - 5 Суарес, 2:0 - 40 Курзава, 3:0
- 50 (пенальти), 3:1 - 62 Кавани, 4:1 - 88
Неймар, 5:1 - 90 Неймар (пенальти), 6:1 -
90+5 Роберто


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 55
"Барселона" дар "Камп Ноу" "ПСЖ"-ро тору мор намуд. Мутахассисон ба муъҷизаи "Барселона" ҳеҷ боварие надоштанд, зеро дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо то ин дар ягон бошгоҳ аз ҳисоби 0-4 ба истелоҳ «камбэк» накарда буд. Аммо ақидаи Луис Суарес, ки «агар касе қодири «камбэк» карданро қодир бошад, пас яқин доред ин Барселона» буданаш исбот гардид. Дар ҳақиқат "Барселона" муъҷиза офарид.
Қисми аввали бозӣ ба муъҷиза умед бахшид, зеро голи задаи Суарес ва автоголи Курзава ба ин асос гузоштанд. Қисми дуввуми бозӣ бо голи барвақтаи Месси аз зарбаи пеналтӣ оғоз гардид. Аммо дере нагузашта Кавани орзуву умеди мухлисони "Барселона"-ро аз муъҷиза ноком намуда буд. Пас он сармураббии " Барселона" Луис Энрике се тағйирот ба амал оварда, фишори дастаашро ба дарвозаи рақиб дучанд намуд. То дақиқаи 88-уми бозӣ фишори "Барселона" идома меёфт ва ниҳоят Неймар бо зарбаи зебо аз ҷарима го...ЕщёМуъҷиза дар "Камп Ноу"
"Барселона" дар "Камп Ноу" "ПСЖ"-ро тору мор намуд. Мутахассисон ба муъҷизаи "Барселона" ҳеҷ боварие надоштанд, зеро дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо то ин дар ягон бошгоҳ аз ҳисоби 0-4 ба истелоҳ «камбэк» накарда буд. Аммо ақидаи Луис Суарес, ки «агар касе қодири «камбэк» карданро қодир бошад, пас яқин доред ин Барселона» буданаш исбот гардид. Дар ҳақиқат "Барселона" муъҷиза офарид.
Қисми аввали бозӣ ба муъҷиза умед бахшид, зеро голи задаи Суарес ва автоголи Курзава ба ин асос гузоштанд. Қисми дуввуми бозӣ бо голи барвақтаи Месси аз зарбаи пеналтӣ оғоз гардид. Аммо дере нагузашта Кавани орзуву умеди мухлисони "Барселона"-ро аз муъҷиза ноком намуда буд. Пас он сармураббии " Барселона" Луис Энрике се тағйирот ба амал оварда, фишори дастаашро ба дарвозаи рақиб дучанд намуд. То дақиқаи 88-уми бозӣ фишори "Барселона" идома меёфт ва ниҳоят Неймар бо зарбаи зебо аз ҷарима голи чоруми дастаашро ба нишон расонидашуда, умеди муъҷизаро ба мухлисони "Барселона" бахшид. Ҳарчанд то анҷоми вақти асосии бозӣ танҳо 2 дақиқаи дигар боқи монда бошад ҳам, ин «Месси ва ко»-ро руҳафтода накард. Партофти муҳофизатгар дар дақиқаи 90-ум ба майдончаи "ПСЖ" ва Маркинос Суаресро афтонида пеналтиро ба дарвозаи "ПСЖ" меорад. Неймар аз пеналти голи панҷумро зада, муъҷизаро наздиктар намуд. Боз ҳамон Неймари муъҷизакор асоси голи шашуми "Барселона" гардид. Партофти ӯро дар дақиқаҳои иловагӣ Серхи Роберто ба гол мубаддал гардонид. "Барселона" бо ҳисоби 6-1 "ПСЖ" -ро мағлуб сохт, ғайричашмдошт ва муъҷиза. Муъҷизае, ки бори аввал дар таърихи Лигаи чемпионҳо ба вуқуъ омад.