МУСОВИ НАМУДАНД
Дӯстони азиз!. Мухлисони гироми дирӯз дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии санҷиши миёни дастаҳои "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ ва "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор баргузор гардид. Нахустин шуда дар дақиқаи 3 мизбонон ҳисоби бозиро кушоданд. Далер Чолов бозингари дастаи "Ҳосилот бо ҳунари волои хеш дар дақиқаи 42 ҳисобро баробар намуд ва бо ҳисоби мусовӣ қисми аввали рақобати ба анҷом расида дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Қисми дуюми рақобат хело ҷолиб сурат гирифта, бозингарони дастаи "Ҳосилот" майдондориро аз они худ намуда пайваста ба суйи дарвозаи рақиб зарбаҳо мезаданд аммо мутаасифона зарбаҳо ба нишон намерасид. То анҷоми рақобат бозингарони дастаи "Ҳосилот" аз худ ҳунари воло нишон дода намегузоштанд ки мизбонон дарвозашонро рахна созанд ва бо ҳисоби 1:1 бозии санҷишии "Файзканд" ва "Ҳосилот" ба анҷом расид.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1