ишқи покат ҷон, туро ман дӯст медорам, Туи
дилсӯзу меҳрубон, туро ман дӯст медорам.
Гузашти аз бари ҷонат агар аз ман ҷудо
созанд, Туи бо аҳду бо паймон, туро ман дӯст
медорам. Надоди даст бар дастам,ки тӯй
бошад шаби қастам, Туи бо дину бо имон,
туро ман дӯст медорам. Ман аз ишқи ту
омӯхтам раҳи мардиву номарди, Туи
бахшандаи майдон, туро ман дӯст медорам.
Ҳама байти тари шеърам зи рӯи беғубори туст,
Туи камгӯю лек пурдон, туро ман дӯст
медорам. Сари болои ман бошад ба болои
сарат сарбон, Туи тоатбари фармон, туро ман
дӯст медорам. Гаҳе аз худ шавам бехуд ту
ори аз навам бар худ, Туи бо тамкину яксон,
туро ман дӯст медорам. Агар дарде басар ояд
зи саргардонии дуньё, Туи дорую ҳам
дармон,туро ман дӯст медорам. Гаҳе овоз
баланд созам куҷост он хомаю дафтар, Туи
хушҳолу хушзабон,туро ман дӯст медорам. Ту
ҳам зан ҳастиву модар барои кӯдакони ман,
Туи дуньёи фарзандон,туро ман дӯст
медорам. давлат чи хуш гӯядат фариштабош
то абад, Туи фариштаи занон,туро ман дӯст
медорам.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8
ранги духтаро гап назан.