Бихохам гул шави, булбул бигардам сахни гулзорат,Бихохам оташе бошиву ман гардам кабоби ту.Бихохам, ки бинушам бодахо аз файзи дидорат,Бихохам, ки шавам бехуду сармасту хароби ту.Бихохам, ки само боши, шавам хуршедиогушат,Бихохам нагма боши, тор гардам бар рубоби ту.Бихохам кух бошам, то чу оху руи ман гарди,Бихохам оби дарё бошиву бошам хубоби ту.Бихохам оббозихо кунам дар чашмаи чашмат,Бихохам, ки нафас гирам зи муи шомтоби туБихохам сар бимонам як шабе дар синаи гармат,Бихохам бишнавам зарбони калби бехисоби ту.Бихохам, ки канори ман хама оромихо ёби,Бихохам, ки даво бахшам ба шуру изтироби ту.Бихохам нурбахшои хама рузгори ман боши,Бихохам шоми ман бахши зиё, зеро шахоби ту.Бихохам рузу шаб гирам сафо аз руи махтобат,Бихохам, ки шавам Шайдои дунёи шубоби ту.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев