Предыдущая публикация
Ҳама шоду,туро ғамгин мебинам.
Туро ба дигаре доданд азизам,
Вале ман ошиқатам то ҳанӯзам.
Марезон оби чашмонат бароям,
Суруди хайрбодро ман сароям.
Нафасгирӣ дар оғӯши дигар кас,
Бидонад дарди диламро Худоям.
Ҳамеша аз Худо хоҳам, ки ёрат,
Туро хушбахттарин ҳамсар бикунад.
Илоҳо кӯр гардад чашми ёрат,
Ба сӯят гар нигоҳи бад бикунад.
Ба ту бахти сафед хоҳам азизам,
Агарчи ман ба ёди ту бисӯзам .
Макун ҳарфи диламро ту фаромӯш,
Ба дил ёди ту орам то ҳанӯзам.
Ба ту хоҳам ҳамеша рӯзи шодӣ,
Умедамро агарчи доди барбод.
Дуоят мекунам ҷонам, ки ҳаргиз,
Баҳораторо хазонрезе мабод!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 31
Зи умру зиндаги безор будам.
Ту хоби ноз буди хамрохи ёрат,
Ман он шабто сахар бедор будам.