Эй сарвари хонавода,мову фарзандонат мехохем, ки хамрох таъом бихурем, оё вакти таъом хурдан хозир мешави?- то мунтазират шавем. Моро дар хона танхо магузор. Худованд чамъи моро аз сояи вучуди ту махрум накунад. Агар дер кард зангаш бизан ва бигу, азизам кадом хурокро бароят омода кунам,майли дилат бар чист? Ба шавхарат магу, имруз, барои чи табъат хира аст, ё боз ягон мусибати нав пеш омада ё дар корат мушкиле дори? Балки уро бигзор то биёромад, он гох мочароро худаш хохад гуфт. Дар ин бора пайрави модарамон Хадича( разияллоху анхо) бош, ки чун нахустин бор вахйи Илохи, бар Паёмбар (ﷺ) фуруд омад, чизе аз Он Хазрат (ﷺ) напурсид, то ин ки ором нашуду мочароро арз кард ва аз у дилдихиву насихатхои хирадмандона шунид. Одатан мардхо дуст надоранд, ки дар умурашон дахолат кунанд,пас дар корхояшон дахолат маварзед. Мардон хоханд занро дар хона бо перохани зебову ороста бубинанд, пас сару муй ва либоси худро озодаву ороста нигах дор, то боиси хушхолии шавхар гарди. Ин шаа Аллох Худованд хамаи занхои муъминаро тавфики бандаги ато фармояд, то розигии шавхар ва Худовандро ба даст оранд!!!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5