Чи тавр ман роҳ меёбам, бидуни тори зулфи ту?
Намеёбам нишоне, намебинам симои ту,
Чуноне нола бардорам, ки ҳастам дар фироқи ту.
Хато кардам, ки ранҷондам дили нозукписанди ту,
Ки ман борҳо ҷафо кардам, ба қалби беқарори ту.
Ту танҳоӣ, ту яктоӣ ва ман як санги роҳи ту,
Нигоҳе андар ин санг кун, ки ҳаст дар интизори ту.
Шабам пурнур мегардид зи ҳусну аз ҷилои ту,
Шаби торику сарде шуд, куҷои ту, куҷои ту?
Кунун зорам ба гарди ту, ба як овозу ҳарфи ту,
Намеои ба домонам, ки ман мерам, зи қаҳри ту.
Чуноне мискине гаштам, ки маҳрум аз канори ту,
Ки ღ A L I S H E R ღ зинда аст бо ту, ба роҳи ту, ба роҳи ту.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2