ФАРЁДЕ, КИ ОСМОНРО МЕШИКОФАД....
ЭЙ, ХУДОЕ, КИ АШКИ ЯТИМРО ПЕШ АЗ РЕХТАН МЕБИНӢ!...
Эй, он ки оҳи модарро пеш аз баромадан мешунавӣ… имрӯз ба даргоҳи Ту як дуо не, як миллат бо дили пора-пора омадааст.
ҚОБИЛҶОН …
на бо кафан, бо парчами номус ба осмон рафт.
Ӯ ҳанӯз бӯи китоб дошт, ҳанӯз орзуҳояш «пагоҳ» мегуфтанд, ҳанӯз дилбандии модар буд…
МОДАР …
Дастҳоят холӣ монданд, вале осмон пур шуд.
Гаҳвораат хомӯш, аммо арш ба ларза даромад.
Эй, ХУДО!....
Ту худат гуфтӣ:
«Ман шикастани дили мӯъминро дӯст намедорам».
Пас ба дили ин модар нигоҳ кун, ки ҳазор бор шикастаасту боз нафас мекашад.
Қобилҷон дар охир «дада» гуфт…
ва ин як калима ҳафт осмонро шикофту
дарҳои раҳмататро кӯфт.
Эй, Парвардигор, хунеро, ки аз пешонии кӯдак рехт, ба нури раҳматат бишӯй.
Он қадамҳое, ки барои наҷоти дигарон гузошт, дар мизони адолатат вазнин гардон.
Модар, ту гиря накун — ашки ту моро ғарқ мекунад.
Ту сукут кун — осмон худаш фарёд мезанад.
Эй, Худои меҳрубон, Қобилҷонро дар сояи раҳматат ҷой деҳ, ба ӯ бигӯ:
«Ту нарафтӣ, ту баргаштӣ — ба ҷое, ки дард нест».
Ба падару писар иҷозаи дидор деҳ, ва ба мо
сабре деҳ, ки аз ин ғам зинда бароем.
Эй, Худо, ин дуои моро рад макун, зеро ин дуо
бо ашк навишта шудааст, бо хун имзо шудааст,
ва бо дили як миллат фиристода шудааст.
__________ИЛОҲО ОМИН!…

Комментарии 3