ХУДО МЕБИНАД.
☆☆☆☆☆☆
Дар сияҳпардаи торики шаби зулмонӣ,
Паси девори фиребу гунаҳи пинҳонӣ.
Дар паси пардаи тазвир, паси пардаи макр,
Ту мапиндор, ки аз чашм ниҳон мемонӣ.
Ҳарчӣ пинҳон бишавӣ, боз Худо мебинад,
Ки Худованд туро дар ҳама ҷо мебинад.
Дар раҳи ҳастии худ, дар раҳи ихлосу вафо,
Агар афтодаву ранҷур бимонӣ аз по.
Нозамон тири қазо захм ба ҷонат бизанад,
Гар бияфтӣ ба чаҳе, ғарқ шавӣ дар дарё,
Дон, ки имони ту уммеди раҳо хоҳад буд,
Ки раҳобахши ту дастони Худо хоҳад буд.
Бегуноҳе чу туро бурда таҳи дор кунанд,
Сад гуноҳи дигаронро ба сарат бор кунанд,
Бесабаб бар сари ту ҷабру ҷафоҳо резанд,
Гар ҳама ёру рафиқ аз бари ту бигрезанд,
Адл болои сарат уқдакушо хоҳад буд,
Боз ҳам дасти наҷоти ту Худо хоҳад буд.
Рӯзи бемоягиву тангиву сахтӣ, ба шикаст,
Охирин риштаи уммед чу ногаҳ бигусаст,
Ҳеҷ кас нест, ягон нур натобад ба назар,
Дар сари вартаи маргӣ, мадеҳ уммед зи даст,
Ки Худованд раҳим асту туро хоҳад дид,
Ман аминам, ту амин бош, Худо хоҳад дид.
Зада раҳгум шаби торик ба уммеди раҳо,
Дар раҳи Ҳақ ба шаби яъс ба лаб зикру дуо,
Вирд кун, вирди пушаймонӣ, ту дар пеши Худо
Ту Худо гӯ, ки Худо мешунавад аз ҳама ҷо.
Дасти Додор туро дар ҳама ҷо хоҳад ёфт,
Марди афтода, туро дасти Худо хоҳад ёфт.
Ҳарки подоши сазовори худашро бинад,
Ҳар ки дар даҳро ҳамон коштаашро чинад.
Ришта дар пойи ту бастасту раҳоят бикунад,
Лек чун дур равӣ, бозкашад, бозорад.
Оқибат адл туро уқдакушо хоҳад буд,
Ба сари мову ту эҳсони Худо хоҳад буд.
Камол Насрулло
Нет комментариев