ПАНДНОМА....
******
Зери бори зиндагӣ, пинҳон мондам, бехабар,
Андар ин роҳи ҳаёт, сарсон мондам, бехабар.
Зиндагӣ дар роҳи ман, монеаҳо бигзошта буд,
Дар гузашти ин ҳама, ҳайрон мондам, бехабар.
Зиндагонӣ дод, фишорам, тоб овардам, вале,
Аз фишори он ҳанӯз, ларзон мондам, бехабар.
Нокасон бо нокасии хеш хандиданд, ба ман,
Ман аз ин заҳри забон, гирён мондам, бехабар.
Макри дӯсту макри душман пеши роҳамро гирифт,
Зери сад исёну сад бӯҳтон мондам, бехабар.
Зиндагӣ пандам бидоду панди ӯ аз ёд рафт,
Дар сарам боди ғурур, нодон мондам, бехабар.
Роҳи Ҳақ дуру дарозу роҳи шайтон як қадам,
Як қадам, по бар раҳи шайтон мондам, бехабар.
Комментарии 1
Андар роҳи ин ҳаёт сарсон мондам бехабар.