Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти ҳамин унвон, 12 марти соли 2020, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб Хушбахт Шарифзода, шоир ва муҳаққиқ Ворис Назарзода, ҷонишини директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов ва ширкати васеи донишҷӯёну устодони донишкада ҳамоиши маърифатӣ — тарбиявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, доир гашта, дар он мавзӯъҳои ташаккули малакаи тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ба ҳамоиши маърифатӣ — тарбиявӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ мавзӯъҳои матраҳшавандаро барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд. Ба гуфтаи Пешвои миллат «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Муфассал дар сомонаи ДДФСТ: http://ddst.tj/rushdi-manaviyot-omili-solimii-fard-va-jomea/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев