Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
00:38
2020
179 просмотров
ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ — Наврӯз вожаи мураккабест, ки аз ду ҷузъ — «нав» ва «рӯз» ташкил шудааст ва ҳамон гуна, ки дар фарҳангҳои тоҷикӣ- форсӣ ифодаи маъно мекунад, мафҳуми «рӯзи нав» аз он бармехезад ва бар нахустин рӯз аз нахустин моҳи соли хуршедӣ тааллуқ мегирад. Дар ин рӯз, онгоҳ ки офтоб ба бурҷи бара интиқол меёбад ва фасли баҳор оғоз мегардад, рӯзи наве аз соли ҷадид низ шурӯъ мешавад. Асли паҳлавии ин вожа «нук руҷ» ё «нӯг рӯз» будааст. Ин нуктаро Муҳриддин Низомӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар маросими таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ки 19 март дар донишкада бо ширкати ва
КИТОБ ОИНАИ ҶАҲОННАМОСТ «Мехоҳам, бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳараки пурқиммат эҳтиёт мекарданд. Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нуру донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст». Эмомалӣ Раҳмон Воқеан дар замони муосир китоб, ки мояи асосии донишу хирад мебошад, пушту паноҳ ва
НАВРӮЗИ ҲУҶАСТАПАЙК, ХУШ ОМАДӢ! Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, онро ҳар сол чун айёми зиндашавии табиат, оғози киштукори баҳорӣ ва хурсандиву шодии хурду калон дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, 19 марти соли равон дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз-ҷашни пайванди инсон бо табиат» бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯёни донишкада доир гардид. Шиъору овезаҳо, гулҳои рангоранг, рустаҳои идона ороёфта, ки аз тарафи факултаҳои донишкада бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн ороста шу
ДОНИШКАДА САБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДАД 14-15 марти соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки 170 нафар устодон, донишҷӯён ва кормандони хоҷагӣ шанбегӣ гузаронда шуд. Дар ин рӯзҳо қитъаҳои замини ба донишкада вобасташуда, аз ҷумла саҳни ҳавлӣ ва ҷӯю заҳбурҳои биноҳои истиқоматии кӯчаи Борбад 75, 89, 91, 95 ва 97 аз хасу хошок ва партовҳо тоза карда шуданд. Муфассал дар сомонаи донишкада: http://ddst.tj/donishkada-sabzu-hurram-megardad/
ХУРШЕДА МУРОДОВА БО РАҲМАТНОМА ҚАДРДОНӢ ГАРДИД Имрӯзҳо бо фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоид барои фаъолияти пурсамар ва ҳамаҷонибаи зан - модар, пешравӣ ва рушди устувор дар ҳама самтҳои муҳимми ҷамъиятиву давлатӣ ба хубӣ эҳсос мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти олии кишвар ба яке аз қувваҳои бузурги пешбарандаи ҷаъмият дарак медиҳад. Аз ҷумла, дар баробари ҷавонписарон ба гурӯҳи "Авангард" - и ВКД Ҷумҳурии Тољикистон ҷалб намудани ҷавондухтарони фаъол ва болаёқат низ ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хеле назаррас ва бомақсад буда, барои боз ҳам фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа боис мегарда
РУШДИ МАЪНАВИЁТ ОМИЛИ СОЛИМИИ ФАРД ВА ҶОМЕА Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти ҳамин унвон, 12 марти соли 2020, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб Хушбахт Шарифзода, шоир ва муҳаққиқ Ворис Назарзода, ҷонишини директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Расулов ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну мароси
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок намуданд ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Показать ещё