------------------------------------
Бас ҳамехостам, ки бо худ шӯълавар медоштам,
Чун замони наврасӣ худро сипар медоштам,
То кунам парвоз ҳар сӯ болу пар медоштам,
"Кош имрӯз дар барам ман ҳам падар медоштам,
Боз як давлат ба худ болои сар медоштам".
Бе ҳузураш ин замон афтода ҳастам, бенаво,
Рафт аз мо ҳамраҳаш он шодиву хурсандиҳо,
Бехабар ар омадӣ ногаҳ падар бар пеши мо,
"Бар гурӯҳе аз падардорони бе меҳру вафо,
Ибрате гардида, худ фарқи дигар медоштам".
З-он даме, ки рафтааст шомам намегардад саҳар,
Мехурам з-ин ноумедиҳо басо хуни ҷигар,
Ҳеҷ намегӯяд маро чун бошад аҳволи писар?
"Моли дунё ёфтам лекин наёфтам ман падар,
Бо будаш як зиндагии пурсамар медоштам".
Сӯхтам аз фурқаташ чандеву парвое надошт,
Дил ба ғайр аз қиблагоҳ бо худ дигар ҷое надошт,
Бо хаёлам шоми торик ҳеҷ фардое надошт,
"Зиндагиям бе падар бигзашту маъное надошт,
Шоми хуш бо буданаш файзи саҳар медоштам".
Бе ту то ҳоло падар, чоки гиребон медарам,
Бо хаёлат ҳарду чашмонам ҳаме сӯи дарам,
Ҳамчунонам, дилшикаста, хоҳарону додарам,
"Офтоби зиндагиро нур пошад модарам,
Шукри модар, бо падар дурру гуҳар медоштам".
Боғи пеши ҳавлияшро бингарам аз зери нок,
Себзоронаш намебинам ба шафтолуву ток,
Ҳамчунон Мақсудалӣ, бо синаи хуншори чок,
"Дида гирён дар раҳаш рӯзе равам ман низ ба хок,
Хок бар сар, эй Набӣ, кошо падар медоштам".


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев