Ба гуфти Forbes Клуни аз ҳама ҳунарпешаи гаронмузд ба ҳисоб меравад. Соли 2018 ӯ дар ягон филм наворбардорӣ нагардида буд.
Рӯзномаи Forbes рӯйхати ҳунармандони аз ҳама гаронмуздро дар солҳои охир нашр намудааст. Ғолиби ин чорабинӣ бошад, Ҷорҷ Клуни (239 миллион доллар) дониста шуд. Дар баробари ин актёр аз соли 2016 дар ягон филм наворбардорӣ нагардидааст, вале маблағи истифоданамудаи ӯ аз ҳисоби тиҷорати худ мебошад.
Филми охирине, ки Клуни иштирок намудааст, «Финансовый монстр» ном дорад ва он соли 2016 пахш карда шудааст. Барои филми мазкур актёри 57-сола 20 миллион долларро ба даст овард. Соли 2013 ӯ 300 ҳазор долларро ба ширкати истеҳсолкунандагони текила Casamigos сармоягузорӣ намуд ва ҳоло бошад, бо шарики худ фурӯши бобарорро ба анҷом расонид. Аз рӯи ин кор Клуни 233 миллион долларро ба даст овард.
Ҷои дуюмро дар рейтинги Forbes Дуэйн Ҷонсон (124 миллион доллар) ишғол намуд. Қисми зиёди онро блокбастери «Джуманджи: Зов джунглей» ба ҳисоби умумӣ ворид намуд. Сеюм ҷойро бошад, Роберт Даунии хурд (81 миллион доллар), ки бахшида ба қисми нави «Мстители» ба даст оварда буд.
Дар аввали август Forbes инчунин рейтинги ҳунарпешазанҳои аз ҳама гаронмуздро низ нишон додааст. Дар хати аввал Скарлет Йохансон (40,5 миллион доллар), дар ҷои дуюм Анҷелина Ҷоли (28 миллион доллар) ва мақоми сеюмро бошад, Ҷенифер Энистон (19,5 миллион доллар) ҷой гирифтаанд.
Сарчашма: https://tjournal.ru/75364-kluni-stal-samym-vysokooplachivaemym-akterom-po-versii-forbes-v-2018-godu-on-ne-snyalsya-ni-v-odnom-filme #boomnewstj
#синамо
#boomtj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев