Трейлери якуми филми аниматсионии "Миньоны 2: Грювитация", ки бо ҳамкории муштараки студияҳои Illumination Entertainment ва Universal Pictures таҳия шудааст, ба мухлисони ҷавони худ дастрас гардид. Он дар бораи ҷавононе, ки ояндаи золим Грю мешавад ва ҳамкориҳои ӯ бо рафиқони содиқ – милионҳо оғоз мегардад, нақл мекунад.
Қаҳрамонҳои овозӣ Стив Карелл, Пйер Коффен ва дигар ҳунармандон сабт карда мешавад. Дар Русия намоиши ин филми тасвирӣ нисбат ба дигар кишварҳо каме дертар, аниқтараш 2 июли соли 2020 сурат мегирад.
Хотиррасон менамоем, ки қисми аввали лоиҳа, ки спин-оффи саҳнаи машҳури "Гадкий Я" шуда буд, соли 2015 ба ҳамагон пешниҳод шудааст. Он дар фурӯш хеле бобарор нишондиҳандаро ба даст оварда буд. Ҷамъоварии ҷаҳонии он зиёда аз 1,1 миллиард долларро ба хазинаи худ ворид намуд, дар он ҳоле, ки буҷаи истеҳсолии лоиҳа 74 миллион долларро ташкил менамуд. Қисми навбатии филми тасвирии "Гадкого Я" соли 2021 ба дӯстдорону ҳаводоронаш пешниҳод мегардад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1