Предыдущая публикация
Фиръавн пурсид: Кӯбандаи дар кист?
Шайтон гуфт: Агар Худо бошӣ, пас бояд донӣ, ки пӯшти дар кист.
Фиръавн гуфт: Эй малъун, ворид шав.
Шайтон гуфт: Малъуне бар малъуне ворид мешавад, пас дохил шуд.
Фиръавн аз ӯ пурсид: Чаро бар Одам саҷда накардӣ, то аз даргоҳи Худо ронда намешудӣ ва мавриди лаънаташ қарор намегирифтӣ?
Шайтон дар ҷавоб гуфт: Чунки монанди ту дар салби Одам будам.
Фиръавн пурсид: Оё бадтар аз ману ту касе дар рӯи замин ҳаст?
Шайтон гуфт: Инсони ҳасуд аз ману ту бадтар аст. Чунки ҳасад амали неки инсонро мехӯрад, ҳамчуноне, ки оташ ҳезумро мехӯрад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев