Марде барои ба тартиб даровардани муйсар ва ришаш ба дукони сартароше медарояд.Суҳбаташон бо сартарош метасфад,аз ину он суҳбат мекунанд.Сартарош ба гила медарояд,ки корҳо маззаш не даромад кам ва боз ҳамма чиз қиммат.Мард мегуяд:Шукр кунед Шумо ҷои кор доред ва кам бошад ҳам даромаде доред.Баъзеҳо ҳаминро ҳам надоранд.Худованд меҳрубон аст,ғами бандагонашро мехурад.Иншооллоҳ ҳаммааш хуб мешавад.
Сартарош якбора асаби шуда мегуяд:Ту худо-худо мегуйи,агар худо бошад чаро бандагонашро ба азоб гирифтор кардагӣ?Дар ҳамма ҷой бемори,азоб ранҷ,ҷангу ҷидол,офатҳои табии.Чаро бандагонашро ҳифз намекунад.?!
Мард ба хотири асабони накардани сартарош сухане намегуяд.Баъди тамом кардани кораш бо сартарош ҳисоби мекунаду ба берун мебарояд.Дар берун одамиро мебинад,ки муйу ришаш расида ва гуё солҳо ба назди сартароше нарафта бошад.Ин мард ба қафояш менигарад,ки сартарош низ ба берун баромадаст,хитоб карда мегуяд:Эй сартарош.Дар олам сартароше нест ва агар мебуд ин одамро мӯйу ришаш ин хел намерасид!
Сартарош ҳайрон шуда мегуяд:Чаро ин хел мегуйи ?Ин одам ба назди ман наояд, чи хел муйу риши вайро ба тартиб орам!?Аҷиб буди ку!?
Мард мегуяд :Ин ҷавоб ба суханони ту ки ки мегуи ки худо нест.Худо ҳаст ва ҳама ҷост .Танҳо мо ба наздаш намеравем .Худо он шахсро ёд мекунад,ки агар он фард дар ёди Худо бошад.Ин ҳамма офату беморию ҷангу ҷидол барои он ки одамон аз Худо дур шудаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3