Ӯ дар прсух гуфт: Зодгоҳи ман Инглистон аст. Ман дар хонаводаи фақире ба дунё омадам ва чун худро ба маънои воқеӣ фақир дидам, ҳеҷ роҳе ба ҷуз гадоӣ кардан намешинохтам.
Рӯзе ба тарафи як марди бошахсият рафтам ва мисли ҳамеша қиёфаи мазлумона ва риққатборе ба худ гирифтам ва аз ӯ дархости пул кардам.
Ӯ нигоҳе ба саропои ман андӯхту гуфт: Ба ҷои гадоӣ кардан биё бо ҳам муомилае мекунем.
Пурсидам: Чи муомилае?
Гуфт: Бисёр сода аст. Як ангӯшти туро ба даҳ долар мехарам.
Гуфтам: Аҷаб ҳарфе мезанед ҷаноб, як ангӯштамро ба даҳ долар фурӯшам?
Гуфт: Бист долар чи?
Гуфтам: Шухӣ мекунед?
Гуфт: На, баръакс хеле ҷидӣ мегуям.
Дар ҷавоб гуфтам, ки ман гадо ҳастам, аммо аҳмақ не.
Ӯ бошад пайваста нархро боло мебурд, ки ба ҳазор долар расид.
Гуфтам: Агар даҳ ҳазор ҳам диҳед, ман ба ин муомилаи аҳмақона розӣ нахоҳам шуд.
Баъдан ӯ гуфт: Агар як ангушти ту беш аз даҳ ҳазор долар меарзад, пас арзиши қалби ту чанд буда метавонад? Дар мавриди қимати чашм, гӯш, даст ва пойи худ чи мегӯӣ? Яъне ҳамаи вуҷудатро ба чанд миллиард долар ҳам нахоҳӣ фурӯхт!?
Гуфтам: Бале, дуруст дарк кардед.
Гуфт: Пас ту як сарватманди бузурге ҳастӣ, аммо гадоӣ мекунӣ. Аз худ хиҷолат намекашӣ?
Ин суханони ӯ ҳамчун зарбае буд, ки ба зеҳни хоболудаи ман фурӯ омад. Ногаҳон бедор шудам ва гуё аз нав ба дунё омадам. Аммо ин бор марди сарватманде будам, ки сарвати худро аз муъҷизаи таваллуд ба даст оварда будам.
Аз ҳамон лаҳза гадоӣ карданро канор гузоштам ва зиндагии тозаеро оғоз намудам.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ t.me/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев