Предыдущая публикация
Дар рӯи ҷаҳон будам.
Хоки ину он будам.
Дар пеши ватан ҳеҷ аст
Мулки ҳамаро дидам,
Омухтаму санҷидам,
Ҳар дидаву нодидам,
Дар пеши ватан ҳеҷ аст.
Мулку дари бегона,
Аз зар бувадам хона.
Охар ҳама афсона
Дар пеши ватан ҳеҷ аст.
Дашту чамани дигар,
Афсунгару бозинагар
Ҳатто ки шави бар сар.
Дар пеши ватан ҳеҷ аст.
Дунё ба барат бошад,
Абре ба сарат бошад.
Ҳам болу парат бошад,
Дар пеши ватан ҳеҷ аст.
Сад гуфтаи ногуфта,
Эҷоди қалам гуфта.
Ин ранги пур ошуфта.
Дар пеши ватан ҳеҷ аст.
( Муҳаммадиқболи Раштӣ )
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев