Қабл аз баёни матлаб мехоҳам, ваҷҳи тасмия ва номгузории шаби қадрро ба таваҷҷӯҳи хонандагони азиз бирасонам. Чаро ин шаб «шаби қадр» номида шуд? Албатта, дар ин робита гуфтаниҳо зиёд аст, вале мехоҳам ба баьзеи онҳо мухтасар ишора кунам:
1.Шаби қадр ба ин ҷихат «Қадр» номида шуд, ки ҷамиьи муқаддарот ва сарнавишти бандагон дар тамоми сол, дар он шаб таьйин мешавад. Шоҳиди ин маьно ояти 3 ва 4 сураи «Духон» аст, ки мефармояд: Дар он шаби муборак (ки шаби қадр ва нузули Қурьон аст) ҳар амре (ва сарнавиште) муназзам ва муайян мегардад.
2. Баьзе гуфтаанд: «Он шабро аз он ҷиҳат шаби қадр меноманд, ки дорои қадр ва шарофати азим аст. Зеро Худованд дар он шаб бузургтарин китобҳои хешро, ки Қурьон аст, бар бузургтарин Паёмбарҳои хеш, ки Паёмбари охирзамон аст, ба воситаи бузургтарин фариштаҳояш, ки Ҷабраили амин (а) нозил кардааст.» Шоҳиди ин гуфта ояти аввали сураи «Қадр» аст. «Мо Қурьонро дар шаби қадр (аз лавҳул-маҳфуз ба осмони дунё) фурӯд овардем.»
3. Баьзе низ гуфтаанд: «Касе он шабро бо тоат ва ибодат зинда бидорад, дар назди Худо соҳиби қадру мақом ва манзалат мешавад.»
Дар ин, ки шаби қадр дар моҳи мубораки рамазон аст, шакку тардиде нест. Зеро аз ҷамьи оёти Қурьон ҳамин маьно мафҳум мешавад. Чаро ки Қурьон дар сураи «Бақара» ояти 185 мегӯяд: «Моҳи рамазон моҳи нузули Қурьон аст.» ва аз сӯйи дигар дар сураи «Қадр» мефармояд: «Мо Қурьонро дар шаби қадр нозил кардем.» Пас аз ҷамьи ин ду оят ба хубӣ маьлум мешавад, ки шаби қадр, ки шаби нузули Қурьон аст, дар моҳи мубораки рамазон, ки он моҳи баҳори Қурьон аст, мебошад. Вале дар ин, ки кадом шаб аз шабҳои моҳи рамазон шаби қадр аст, ривоятҳои мухталиф ва гуфтугӯҳои бисёр мавҷуданд. Бинобар ихтилофи ровиёт уламо дар таьйини шаби қадр қавлҳои мухталиф доранд. Аз он ҷумла: шаби аввал, шаби ҳафдаҳум, шаби нуздаҳум, шаби бисту якум, шаби бисту саввум, шаби бисту панҷум, шаби бисту ҳафтум ва шаби бисту нӯҳум гуфтаанд. Аз назари баьзе уламо на танҳо шабҳои мазкура, балки ҳама шабҳои рамазон эҳтимоли шаби қадр буданро дорад. Ҳатто бинобар як ривоят аз Имоми Аьзам шаби қадр метавонад дар тамоми шабҳои сол бошад. Далели эшон сухани Абдуллоҳ ибни Масьуд (р) аст, ки гуфтаанд:
«Ҳар кӣ тамоми сол шабзиндадорӣ кунад, шаби қадрро меёбад» (рив. Аҳмад ибни Ҳанбал.) Аммо аз назари ривоят қавли роҷиҳ ва машҳур назди ҷумҳури аиммаи чаҳоргона он аст, ки шаби қадр дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи шарифи рамазон аст. Зеро дар ҳадиси саҳиҳе, ки Бухорӣ ва Муслим ривоят кардааст, Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: «Шумо шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи рамазон ҷустуҷӯ намоед!» Ва ҳамчунин он ҳазрат (с) ба гуфтаи худ амал намуда, ҳамеша ин даҳ шабро бо тоату ибодат, ва эьтикоф нишастан дар масҷид мегузарониданд. (рив. Бухорӣ ва Абудовуд) Ба вижа шаби бисту ҳафтуми ин даҳа назди аксари уламо, хусусан аз назари мазҳаби Имом Аҳмад ва ҳамчунин аз назари уламои мазҳаби мо-ҳанафиҳо- бинобар ривояте аз Имоми Аьзам, - шаби қадр шинохта шудааст. Далели эшон ҳадиси Зиррибни Ҳубайш аст, ки Муслим, Тирмизӣ ва Имом Аҳмад ривоят кардаанд. (ниг. Ба марҷиьҳои мазкура!)
Албатта, ҳикмати махфӣ мондани шаби қадр дар миёни шабҳои моҳи мубораки рамазон ва муайян нашуданаш аз ҷониби Худо ва Расул, ба хотири он аст, ки мардум ба ҳамаи шабҳои ин моҳ аҳаммият диҳанд ва ҳама шабҳои онро чун шаби қадр бо тоату ибодат зинда доранд. Чуноне ки Паёмбари Акрам (с) дар идомаи ҳадиси саҳиҳе, ки Бухорӣ ривоят мекунад, ба ин ҳикмат ишора карда мефармоянд: «Шояд махфӣ ва пинҳон будани шаби қадр барои шумо беҳтар бошад…»
Мавлонои Рум дар куллиёти «Шамс» бо таьбири ошиқона махфӣ будани шаби қадрро чунин зебо тасвир намудааст:
Ба ҷуз ин моҳ, моҳе ҳаст пинҳон,
Ниҳон чун турк дар хирмангоҳи рӯза.
Ба он маҳ раҳ барад ҳар кас ки ояд,
Дар ин маҳ хуш ба хирмангоҳи рӯза.
Имом Ғаззолӣ дар китоби «Мукошифатул-қулуб» меорад: «Барои баьзе бандаҳои босаодат дар шаби қадр баьзе кароматҳои маьнавӣ аз ҷониби Худованди таборак ва таоло бахшида мешавад. Дар натиҷа баьзе мушоҳидаҳо ва кашфиётҳои нурони аз олами малакут барояшон зоҳир мегардад. Ҳатто баьзеи эшон ҳузури фариштаҳо ва саломи онҳоро мебинанд ва эҳсос мекунанд ва баьзе ҳама чизро дар ҳолати саҷда мебинад…»
Дар муқаддимаи китоби «Далелул-фолиҳин шарҳи Риёзус-солиҳин» дар баёни тарҷумаи ҳоли Имом Нававӣ аз забони падари эшон омада аст: «Шаби бисту ҳафтуми моҳи мубораки Рамазон буд. Писарам, ки ҳанӯз ҳафт сол дошт дар паҳлуям хоб буд. Нисфи шаб аз хоб бедор шуду гуфт: Падарҷон ин чи нур ва равшание аст, ки хонаи моро пур кардааст. Аз садои ӯ аҳли хона ҳама аз хоб бедор шуданд, дар ҳоле ки чизе барои эшон мушоҳида намешуд.»
Албатта, барои муайян намудани шаби қадр баьзе аломату нишонаҳои зоҳирӣ дар ҳадисҳо аз Пайғамбари Акрам (с) омадааст: Минҷумла дар ривояте, ки Ҳасани Басрӣ нақл мекунанд, Расули Худо мефармоянд: Яке аз нишонаҳои он шаб софу беабр будани осмон ва мӯьтадил будани ҳарорати ҳаво аст. Ва субҳи он хуршед тулӯь мекунад, дар ҳоле ки шуояш хеле заиф ва қобили рӯьят (дидан) аст. (тафс. Қуртубӣ)
Аммо он ҳарфҳое, ки мегӯянд: Ҳар кӣ шаби қадрро ёбад, ҳар чӣ дар дасти худ гирад ба зар- яьне- ба тилло табдил мешавад, асоси шарьӣ надорад.
Ин ҷо зикри ин нукта низ зарур аст, ки барои ҳосил кардани фазилати шаби қадр, кашф намудан ва ё огоҳ шудан аз он шаби бузург ба воситаи аломатҳое, ки гузашт, шарт ва лозим нест. Чуноне ки Ибни Ҷарири Табарӣ ва хатиби Бағдодӣ зикр кардаанд. Зеро гоҳе фазилати шаби қадр барои банда ҳосил мешавад, дар ҳоле ки чизе барои ӯ дар он шаб кашф ва мушоҳида намешавад.
Албатта, агар Худованд бандаеро насиб гардонад, ки ӯ шаби қадрро аз тариқи мушоҳида кардани баьзе кароматҳои Илоҳӣ дарёбад, пас зиҳи саодатест барои ӯ. Ва бе шакку шубҳа, ҳоли ӯ комилтару беҳтар аст аз ҳоли касе, ки дар он шаб чунин кашфу каромате барояш ҳосил намешавад. Вале суннат аст, ки ӯ он каромати кашфшударо аз дигарон пинҳон дорад.
Шабзиндадорӣ ба хусус дар шаби қадр ба хотири он аст, ки дар баёни азамат ва фазилати ин шаб бурҳони қотеь аз ҷониби Худованди бузург омада, ки: «Шаби қадр шабест, ки (фазилати он) аз (фазилати) ҳазор моҳ беҳтар аст.»
Медонем, ки ҳазор моҳ бештар аз 84 сол аст. Ростӣ, чӣ шабе бо азамат ва қиматест, ки ба андозаи як умри тӯлонӣ баракат ва арзиш дорад.
Инчунин дар баёни фазилат ва аҷру подоши ибодати шаби қадр аз забони дурбори Расули Акрам (с) омадааст: «Ҳар бандае дар шаби қадр Худоро ибодат кунад, (илова бар фазилате, ки ҳосил мекунад) Худованд ҳама гуноҳони гузаштаи ӯро меомурзад.» (Бухорӣ ва Муслим)
Дар баёни тариқаи эҳёи шаби қадр ва шеваи шабзиндадорӣ дар он шаб дар китоби «Ибодотуд-ислом» навиштаи Муҳйиддин Мистуи Шомӣ омадааст: барои эҳё ва зиндадории шаби қадр се тариқ ва шева аст:
1. Тариқаи беҳтарин: Тамоми соатҳои шабро ба намоз гузаронидан.
2. Тариқаи миёна: Он шабро бо зикру дуо ва тиловату дарси Қурьон гузаронидан.
3. Тариқаи камтарин: Намози хуфтан, таровиҳ ва ҳамчунин намози бомдодро бо ҷамоат дар масҷид адо кардан.
Барои исботи тариқаи охир дар тафсири Қуртубӣ бо нақл аз китоби «Муватто»-и Имом Молик омадааст: Саид ибни Мусайиб фармудаанд: «Ҳар мусалмоне шаби қадр намози хуфтанро бо ҷамоат адо намояд, ҳар оина ӯ насиба ва саҳми худро аз шаби қадр ба даст овардааст.» Имоми Қуртубӣ дар поёни ин ривоят навиштааст: «Ҳадис, агарчи мақтӯь аст,- яьне қавли тобиӣ аст,- вале дар ҳукми ҳадиси марфӯь аст.» Яьне гуфтаи Паёмбар (с) аст.
Дар ин маьно ҳадиси марфӯье аз Абӯҳурайра низ ривоят шудааст, ки «Ҳар шахсе намози хуфтанро бо ҷамоат бихонад, пас ба таҳқиқ шаби қадрро дарёфтааст.» (Ибодатул-ислом.) Имом Саьлабӣ дар тафсири хеш намози шомро низ изофа кардааст. Эшон дар ин робита ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) бо ривояти Убайдуллоҳ ибни Омир овардаанд, ки он ҳазрат (с) фармудаанд: «Ҳар бандае дар шаби қадр намози шом ва хуфтанро бо ҷамоат бихонад, бе шакк ӯ насибаи худро аз шаби қадр ҳосил кардааст.» (Тафс. Қурт. сур. «Қадр»)
Аз зикри ривоятҳои гузашта маьлум мешавад, ки ҳама соатҳои шаби қадрро бо тоату ибодат зинда доштан, амри воҷиб набуда, балки мустаҳаб аст. Ҳар кас ба андозаи ҳиммат ва ҳавсалааш метавонад он шаб ибодат бикунад ва ё бихобад. Албатта, ҳар кӣ он шаб бештар тоату ибодат кунад, бештар аз фазилати шаби қадр бархӯрдор мешавад.
Дар бораи ин, ки оё рӯзи қадр чун шаби қадр дорои фазилате ҳаст ва ё не? Дар тафсири Қуртубӣ ривояте аз Имоми Шаьбӣ омадааст: ки мефармоянд: «Шаби қадр (дар фазилат) мисли рӯзаш аст, ҳамчуноне ки рӯзаш мисли шабаш аст.»
Хонандагони азиз, бояд бидонанд, ки рамазон шарофат ва азамати худро ва ҳамчунин шаби қадр, қадру манзилати худро аз баракати нузули Қурьони азимушшаьн ҳосил намудааст. Оре, агар Қурьон намебуд, на фазилати рамазон ва на қадру манзилати шаби қадр мебуд. Чуноне ки дар аввал бо нақл аз Қурьони карим гуфтем: Қурьон дар шаби қадр аз моҳи мубораки рамазон нозил шудааст. Муфассирини киром мегӯянд: Қурьон дорои ду навьи нузул мебошад.
1. Нузули якдафьа ва якбора, ки дар як шаб тамоми он аз Лавҳул-маҳфуз ба осмони дунё нозил гардид. Мурод аз он шаби муборак, шаби қадр аст, ки дар борааш сӯҳбат кардем.
2. Нузули тадриҷӣ, ки дар тӯли бисту се соли даврони нубувват, оят-оят ва сура-сура, мутобиқ бо ҳаводисе, ки нузули он оят ва сураҳоро тақозо мекард анҷом гирифт.
Нуктаи дигаре, ки ин ҷо лозим ба тазаккур аст, ин аст, ки нузули сонии Қурьон низ мисли нузули аввал дар моҳи мубораки рамазон иттифоқ афтодааст.
Ибни Ҳишом ва Ибни Касир (р) дар китоби «Ассиратун-набавия»-и хеш навиштааст: Оғози ваҳйи Қурьон бар қалби Пайғмбар (с) дар рӯзи душанбе, мутобиқ бо ҳафдаҳуми моҳи мубораки рамазон будааст. Вале Муборакфурӣ дар таьрихи «Арраҳиқул-махтум» овардааст, ки ин ҳодисаи азими таьрихӣ дар шаби душанбе, бисту якуми моҳи шарифи рамазон воқеь шудааст.
Мо дар ибтидо гуфта будем, ки бинобар баьзе ривоятҳо назди баьзе аз уламо шаби ҳафдаҳум ва бисту якуми рамазон низ аз ҷумлаи шабҳои қадр аст. Пас ҳар ду навьи нузули Қурьон, бинобар ин гуфтаҳо дар шаби қадр иттифоқ афтодааст. Хулосаи калом, моҳи мубораки рамазон, моҳи баҳори Қурьон ва шаби қадр нахустин шаби ин баҳори инсу ҷон аст.
Дар охир, ба рӯзадорони моҳи мубораки рамазон, ба вижа ба толибони шаби қадр, ба ҳайси як бародари исломӣ ду насиҳат дорам:
Якум: Шабҳои қадр он дуоеро, ки Паёмбари Акрам (с) барои дарёфти фазилати шаби қадр ба Ҳазрати Оиша (р) таьлим доданд, бештар бигӯед! Дар ривояти Тирмизӣ ва Имом Аҳмад омадааст, ки Оиша (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Агар ман шаби қадрро ёбам, чӣ навь дуо бикунам? Ҳазрат фармуданд: Бигӯ! Аллоҳумма иннака ьафуввун туҳиббул афва фаьфу ьанни»- Худоё ту авфкунанда ва омурзандаӣ ва авф карданро дӯст медорӣ, пас ай Худои ман, (ба баракати ин шаби қадр) аз гуноҳони ман даргузар! Ва маро биомурзу мағфират намо!
Дуввум: Шумо азизон бандаҳои мавсимӣ ва рамазонӣ нашавед, ки Худоро фақат дар моҳи рамазон ва шаби қадр ибодат кунед, балки бандаҳои доимии Раҳмонӣ бошед! Ва ӯро ҳамеша то дами марг ибодат ва итоат кунед! Пас ҳар моҳро барои худ моҳи рамазон ва ҳар шабро барои худ шаби қадр донед! Ва ҳамеша Худои худро парастишу ниёйиш кунед! Чуноне ки шоир гуфтааст:
Хоҳӣ, ки ҳилоли тоатат гардад бадр
Ҳар моҳ моҳи рӯза дону ҳар шаб шаби қадр
Ай хоҷа чи ҷӯӣ зи шаби қадр нишонӣ
Ҳар шаб шаби қадр аст, агар қадр бидонӣ.
Муаллиф: Эшони Маҳмудҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев