Дар сирати Амирулмуъминин Умар (р) омада аст:
Шабе Умар ибни Хаттоб (р) ҳамроҳи ғуломаш Аслам дар кучаҳои шаҳри Мадина ба қасди раияти мардум мегашт. Чун хаста шуд ба деворе такя намуд, ва лаҳзае баъд садои занеро шунид, ки ба духтараш мегуяд: духтарам бархез ва дар шир каме об бирез
то ин, ки зиёдтар (пул) ба даст биорем...
Духтар гуфт: модар! Өё Нашуниди ки Амирулмуъминин мунодиашро амр кард то эълон намояд, ки касе дар шир об наомезад? Агар кадом инсоне бар зиди ин амр нофармони кунад тибқи қонуни Ислом ҷазо дода хоҳад шуд:
Модар гашту ба духтараш гуфт: духтарам! Шумо фармудаи маро кунед, шумо дар ҷое ҳастед, ки на Умар шуморо мебинад ва на мунодии Умар.
Духтар гуфт: эй модар агар Умар маро намебинад, пас бешак Худои Умар маро мебинад, савганд ба Худо ман наметавонам ошкоро ўро итоат кунаму пинҳони аз фармонаш рўй гардонам. Умар (р), ки ҳамаи ин гуфтаҳоро мешунид гуфт: эй Аслам ин дарвозаро аломатгузорӣ кун ва мавзеашро бишнос ва пас аз он Умар (р) ба хонааш баргашт. Чун субҳ шуд ба ходимаш гуфт: ба он мавзеъ бирав ва бубин, ки онҳо киҳо буданд ва оё шавҳар доранд? Аслам рафт ва аз ҳавлии онҳо огоҳ шуд, ки духтаре будааст душиза ва Умар (р)-ро аз он огаҳ намуд.
Умар (р) авлоди худро ҷамъ кард ва гуфт: оё касе аз шумо ба зан гирифтан ниёз дорад, то завҷааш диҳам? Писараш Осим гуфт: ман, ки ҳамсар надорам мехоҳам зан бигирам. Пас он духтари ширфурўшро Осим ба зани гирифт ва онҳо духтаре ба номи Умми Осим шуданд, пас ўро Абдулазиз ибни Марвон ба зани гирифт ва аз ў Умар ибни Абдулазиз ба дунё омад, ки номи халифаи панҷум насиби ў гардида ба одилтарин халифаи давлати Умавиён шуҳрат гирифт ва дар ду соли хилофаташ касе дар он шаҳр намонд, ки ба ў закотро бидиҳанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев