салом домулои мухтарам саволи ман ин аст. мо як гуру бародаро дар фирма кори сохтмони мекунем кори мо аз соати 8 сар мешад то соати 21 22 кор мекунем мо рузаро казо кунем мешавад е не илтимо бо саволи ман чавоб гардонед худо хофиз
Саволкунанда: Мухочир
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! Ҳукми руза доштан ва надоштани бародарони муҳоҷири мо дар ҳиҷрат вобаста ба вазъияти кории онҳо мухталиф мешавад:
1 Муҳоҷири кориест, ки миқдори соати кориаш дар ихтиёри худаш аст. Мисли ронандаҳои таксиҳои шахси ва баъзе савдогарҳо ва коргарҳое, ки хуҷаин надоранд. Барои чунин афрод хурдани руза ҳеҷгоҳ ҷоиз нест. Бигзор онҳо дар моҳи шарифи Рамазон соъати кори ва даромади молии худро кам намоянд вале рузаро ба поки бидоранд.
2 Муҳоҷире, ки хуҷаин ва корфармо дорад, вале корфармои у мисли у мусулмон аст. Пас бар у лозим аст аз хуҷаини худ сабук кардан ва ё тағйир додани соъати кориро тақозо намояд ва моҳи Рмазонро ба поки руза дорад.
3 Муҳоҷири кориест, ки хуҷаини корфармояш рус ва ғайри мусалмон аст. Ва у бо ақд ва ё шартнома он корро қабул кардааст. Ва тибқи шартнома соати кории у зиёда аз 8 ё 10 соъат аст. Ва вайрон кардани шартнома сабаби маҳрум шудани муҳоҷир аз музди кор ва ҷои кораш мешавад. Мисли корхонаҳо ва сохтмонҳои давлати ва ё сохтмонҳои шахсӣ вале соҳиби он сохтмон муҳлати муайяне барои анҷоми кори сохтмонаш муайян кардааст ва дар сурати тамом нашудани сохтмон дар муҳлати муайяншуда, шояд музди муҳоҷирро пурра ва ё аслан надиҳад. Ва заҳмати муҳоҷири мусулмон зоиъ шавад. Фақат дар чунин суратҳо муҳоҷирони кори метавонанд рузаҳяшонро бихуранд ва баъдан қазои онро бидуни каффорат адо намоянд.
Далели гуфтаи мо қавли Алломаи Шомӣ дар китоби(Раддул муҳтор ) ҷилди: 2 , саҳ: 125 аст, ки эшон навиштаанд:
(Агар шахсе дар моҳи мубораки Рамазон барои анҷом додани коре дар муддати муайян, худро ба иҷора диҳад (Яъне ҳамчун муздур он корро қабул намояд) пас ҳукме, ки аз қоидаҳои фиқҳӣ зоҳир мешавад, ин аст, ки агар корфармо ба вайрон кардани ақди иҷора ( ва шартномаи кори) рози набошад, (ва ё рози ҳаст, вале дар ивази надодан ва ё кам кардани музди коргар) метавонад ин коргари иҷоравӣ (муздур) рузаашро бихурад ва корро анҷом бидиҳад. (Албатта вақте кораш тоқатфарсо бошад.) Ҳамчуноне, ки дар масъалаи зани ширдиҳандае, ки кудаки шахсеро бо ақди иҷора барои шир додан қабул кардааст. Агар руза бидорад ба сабаби кам шудани шир хавфи ҳалок шудан ва ё зарар дидани кудак аст. Пас ҷумҳари фуқаҳо бар ин зани ширдеҳ дар чунин ҳолат ифтор кардани рузаро ҳалол ва ҷоиз гуфтаанд.)
Нуктае, ки Алломаи Шомӣ инҷо қайд кардаанд ва лозим аст мо онро ба хонандагон тазаккур бидиҳем, инаст, ки коргаре, ки фуқаҳо хурдани рузаро барояш рухсат додаанд, набояд рузаашро аз оғози руз бихурад. Балки бар у воҷиб аст, ки қабл аз субҳ ба қасди руза гирифтан саҳархури бикунад, баъд аз он рузаро ният кунад ва дар аснои кор вақте аз сабаби ташнаги ва гуруснаги эҳсоси заъфу сусти бикунад пас рузаашро бихурад. Ва баъдан қазоашро бидуни каффорат бидорад.Ва инчунин рузҳои истироҳати ҳатман рузаҳояшонро бигиранд. Ва ҳама шабҳои Рамазон намози таровиҳро агар имкон дошта бошанб, бихонанд. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев