Дар синни 12 - 13 солагиаш ў аллакай яке аз овозонхои маъруфи литсеи "Хабибия" ба шумор мерафт. Лисаи "Хабибия", ки дар замони хукумати Хомид Карзай ба номи Оишаи Дуррони номгузори шуд, дар ѓарби шахри Кобул мавќеъият дорад. "Хабибия" соли 1902 таъсис ёфтааст ва аз ќадимтарин мактабхои тахсилоти хамагонии Афѓонистон ба шумор меравад. Дар тўли мавчудияташ ин лисаро шахсиятхои бузурги сиёсиву фарњангии Афѓонистон аз ќабил собиќ сарвазири Афѓонистон Хошими Майвандвол, собиќ рахбари хукумати коммунистии Афѓонистон доктор Начибуллох, рохбари давлати феълии Афѓонистон Хомид Карзай, олими шинохтаи сохаи риёзиёту фалсафа доктор Мухаммадсиддиќи Афѓон ва ѓайра хатм
кардаанд. Нависандаи ин сатрхо соли 2004 дар Кобул, дар ин лиса бо чанде аз муаллимону мураббиёни ин даргохи илму маърифат сўхбат доштам. Хамаи онхо ибрози ифтихор мекарданд, ки мактаби онхоро чунин одамони бузург хатм кардаанд. Ба хусус дар бораи Ахмад Зохир бо як мехру мухаббати бепоён харф мезаданд. Муаллими фанни таъриху адабиёт Саидисмоили Саидхабиб, ки ба
Ахмад Зохир дарс гуфтааст, ўро хамчун хонандаи боодоб ва болаёќат тавсиф намуд. Дар ёди ман нест, ки Ахмад Зохир рўзе ба мактаб бе тайёрї омада бошад, мегўяд Саидисмоил. Мудири умумии лиса Саидносири Аскарзода ќайд намуд, ки Ахмад Зохир бо вучуди фарзанди нахуствазири кишвар будан аз хаммактабиёни худ дар муомила ва муносибат ба устодон ва шогирдон фарќ намекард. Соли
2004 аввалин маротиба дар лисаи Хабибия зодрўзи Ахмад Зохир тачлил гардид. Ба ин муносибат дар мактаб чашни пуршукўхе барпо шуд, ки дар он хамсинфон, устодон, хаводорони Ахмад Зохир аз хисоби мардони сиёсиву фархангии кишвар ширкат карданд. Ба номи Ахмад Зохир китоби ёддоштхо тартиб дода шуд, ки бо хохиши маъмурияти мактаб банда низ дар он китоб дар бораи хунари волои
ин нобиѓаи мусиќи ибрози назар намудам. Мудири мактаб чаноби Аскарзода инчунин сахнаеро нишон дод, ки Ахмад Зохир аввалин маротиба аз он чо суруди нахустини худ "Ай булбули шўрида шўр аз ту фиѓон аз ман"-ро хондааст. Дар хамон ваќт дастаи хунарии лисаи "Хабибия"-ро як тан аз донишандўзони хамин лиса Масхур Чамол, ки баъдан хамчун охангсоз ва овозхони варзидаи кишвар
эътироф мешавад, рохбари мекардааст. Баъд аз он ки Ахмад Зохир ин таронаро соли 1961, дар 15 - солаги бори нахуст аз сахнаи театри "Кобул Нандори" бузургтарин сахнаи хунарии кишвар мехонад, хама ўро "Булбули Хабибия", "Ситораи Хабибия" мегуфтаги шуданд.
Соли 1964 дар синни 18 - солаги Ахмад Зохир нахустин консерташро доир намуд. Тўли беш аз ду соат ў дар ин консерт ба танхои хунарнамои кард. Баъди ин консерт мусиќишиносону охангсозон аз хусуси дар осмони хунари Афѓонистон тулўъ кардани ситораи нав хабар доданд.
СУЛТОНИ ХАМАД
СУЛТОНИ ЌАЛБХО
"Нашриёти Бухоро".с.2012
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев