Предыдущая публикация
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
Як рӯз нашуд бо мо ин чархи фалак ҳамроҳ,
Гӯйӣ, ману дил ҳастем меҳмони Худо имшаб.
Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
Девона дили мискин бовар накунад ин бахт,
Ҳақ дорад, агар дорад сад чуну чаро имшаб.
Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
Дар кулбаи мо хуршед меҳмон шуда боз имрӯз,
Дар маҳфили мо маҳтоб афшонда сафо имшаб.
Пайдо шуду пайдо шуд гумгаштаи мо имшаб,
Мечархаму мерақсам бо боди сабо имшаб.
Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев