(1927-2014)
ЯК ДОМАН ГУЛ
Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам,
Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?!
Эй насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар,
В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам.
Лолавор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,
Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.
Донаи умед охир шуд ниҳоли боровар,
Сад ҷавона пайдо шуд аз талоши пинҳонам.
Парниёни маҳтобам дар хамӯшии шабҳо,
Ҳамчу кӯҳи побарҷо сар бинеҳ ба домонам.
Бӯи ёсуман дорад хобгоҳи оғӯшам,
Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.
Шеъри ҳамчу удамро оташи дилам сӯзад,
Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.
Кас ба базми майхорон ҳоли ман намедонад,
З-он ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.
Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷӯям,
Рӯи гуна меларзад сояҳои мижгонам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев