Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.
Чун меравӣ, бе ман марав, эй ҷони ҷон бе тан марав
В-аз чашми ман берун машав, эй шӯълаи тобони ман.
Ҳафт осмонро бардарам в-аз ҳафт дарё бигзарам,
Чун дилбарона бингарӣ, дар ҷони саргардони ман.
То омадӣ андар барам, шуд куфру имон чокарам,
Эй дидани ту дини ман в-эй рӯи ту имони ман.
Бе пову сар кардӣ маро, бе хобу х(в)ар кардӣ маро,
Сармасту хандон андар о, эй Юсуфи Канъони ман.
Аз лутфи ту чун ҷон шудам в-аз хештан пинҳон шудам,
Эй ҳасти ту пинҳоншуда дар ҳастии пинҳони ман.
Гул ҷомадар аз дасти ту, эй чашми наргис масти ту,
Эй шохаҳо обасти ту, эй боғи бепоёни ман.
Як лаҳза доғам мекашӣ, як дам ба боғам мекашӣ,
Пеши чароғам мекашӣ, то во шавад чашмони ман.
Эй ҷони пеш аз ҷонҳо в-эй кони пеш аз конҳо,
Эй они пеш аз онҳо, эй они ман, эй они ман.
Манзилгаҳи мо хок не, гар тан бирезад бок не,
Андешаам афлок не, эй васли ту кайвони ман.
Мар аҳли киштиро лаҳад, дар баҳр бошад то абад,
Дар оби ҳайвон марг ку? Эй баҳри ман, Уммони ман.
Ҷонам чу зарра дар ҳаво, чун шуд зи ҳар сақле ҷудо,
Бе ту чаро бошад, чаро? Эй асли чор аркони ман.
Эй шаҳ Салоҳиддини ман, раҳдони ман, раҳбини ман,
Эй фориғ аз тамкини ман, эй бартар аз имкони ман.Ҷалолиддини Балхӣ.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев