Ба ҷуз руят намехоҳам ки рӯи ҳеҷ кас бинам
Ман аввали рӯз донистам ки бо Ширин дарафтодам
Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинам
Туро ман дӯст медорам халофи ҳар ки дар олам
Агар таъна аст дар ақлам агар рахна аст дар динам
Вагар шамшер баргири сипар пешат бияндозам
Ки бе шамшери худ кушти ба соидҳои симинам
Барой эй субҳи муштоқон агар наздики рӯз омад
Ки бигрифт ин шаби ялдо малол аз моҳу парвинам
Заввали ҳасти овардам қафои нести хурдам
Кунун уммеди бахшоиш ҳаме дорам ки мискинам
Диле чун шамъ мебояд ки бар ҷонам бибахшояд
Ки ҷуз вай кас намебинам ки месӯзад ба болинам
Ту ҳамчун гул зи хандидан лабат бо ҳам намеояд
Раво дори ки ман булбул чу бутимор биншинам?
Рақиб ангушт мехояд ки Саъдӣ чашм бар ҳам неҳ
Матарс эй боғбон аз гул ки мебинам намечинам
Саъдӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев