Предыдущая публикация
Марги худ мебинаму рӯят намебинам ҳанӯз.
Бар лаб омад ҷону рафтанд ошноён аз сарам,
Шамъро нозам, ки мегиряд ба болинам ҳанӯз.
Орзу мурду ҷавони рафту ишқ аз дил гурехт,
Ғам намегардад ҷудо аз ҷони мискинам ҳанӯз.
Рӯзгоре по кашид он тозагул аз доманам,
Гул ба доман мефишонад ашки хунинам ҳанӯз.
Гарчӣ сар то пойи ман мушти ғуборе беш нест,
Дар ҳавояш чун насим аз пой наншинам ҳанӯз.
Симгун шуд мӯю ғафлат ҳамчунон ба ҷой монд,
Субҳдам хандиду ман дар хоби нӯшинам ҳанӯз.
Хасмро аз содалавҳӣ дӯст медорам, Раҳӣ,
Тифламу накшуда чашми маслиҳатбинам ҳанӯз.
РАҲИИ МУАЙЯРӢ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1