Предыдущая публикация
Танам дар бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо!
Ба тороҷи азизон зулфи ту айёрие дорад,
Ба хунрези ғарибон чашми ту айёратар бодо!
Рухат тоза-асту баҳри мурдани худ тозатар хоҳам,
Дилат хира-асту баҳри куштани ман хиратар бодо!
Гар, эй зоҳид, дуои хайр мегӯйӣ, маро ин гӯй,
Ки он овораи кӯйи бутон оворатар бодо!
Дили ман пора гашт аз ғам, на з-он гуна ки беҳ гардад,
Агар ҷонон бад-ин шод аст, ё Раб поратар бодо!
Ҳама гӯянд, к-аз хунхориаш халқе ба ҷон омад,
Ман ин гӯям, ки баҳри ҷони ман хунхоратар бодо!
Чу бо тардоманӣ хӯ кард Хусрав бо ду чашми тар,
Ба оби чашми покон доманаш ҳамворатар бодо!
АМИР ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев