Шаробам саропо, шаробам, Худоё.
Раҳи Каъба аз ҳар биёбон, ки пурсам,
Диҳад хори саҳро ҷавобам, Худоё.
Ба ҳар сабзае сар ниҳам, нола хезад,
Ғамам, ҳасратам, илтиҳобам, Худоё.
Зи дидори ман дида озурда гардад,
Магар чеҳраи офтобам, Худоё.
Маро шояд аз шӯълаҳо офаридӣ,
Ки сар то ба по печутобам, Худоё.
Чунон дар дили ашкҳо ғарқ гаштам,
Зи ғам ҳамчу нақше бар обам, Худоё.
Зи ҳар мавҷ вайрон шавад хонаи ман,
Ба дарёи ҳастӣ ҳубобам, Худоё.
Дилам шиква аз Моҳу Парвин надорад,
Ман аз хештан дар азобам, Худоё.
Чу мавҷам, саросар хурӯшам, Илоҳӣ,
Чу бодам, саропо шитобам, Худоё.
Зи рӯъёи ҳастӣ ба ҷуз ғам надидам,
Ҳамин буд таъбири хобам, Худоё.
Баҳодури Ягона
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев