Сафар бе рӯшнойӣ маслиҳат нест!
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадойӣ маслиҳат нест!
Шуморо бо шумо мехонад он ёр,
Шуморо ин шумоӣ маслиҳат нест!
Чу хони осмон омад ба дунё,
Аз ин пас бенавоӣ маслиҳат нест.
Дар ин матбах, ки қурбон аст ҷонҳо,
Чу дунон нонрабойӣ маслиҳат нест!
Бигӯ он ҳирсу ози роҳзанро,
Ки макру баднамойӣ маслиҳат нест!
Чу подорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!
Чу пойи ту намонад, пар диҳандат
Ки бе пар дарҳавоӣ маслиҳат нест!
Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳойӣ маслиҳат нест!
Ҳумои Қофи қурбӣ, ай бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумойӣ маслиҳат нест!
Ҷаҳон ҷӯю сафо баҳру ту моҳӣ,
Дар ин ҷӯ ошноӣ маслиҳат нест!
Хамӯш бошу фанои баҳри Ҳақ шав,
Ба ҳанбози Худойӣ маслиҳат нест!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев