Ман чанд туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!
Дар шаҳр яке касро ҳушёр намебинам,
Ҳар як батар аз дигар шӯридаву девона.
Ҷоно, ба харобот о, то лаззати ҷон бинӣ,
Ҷонро чӣ хушӣ бошад бе сӯҳбати ҷонона?!
Ҳар гӯша яке масте, дасте забари дасте,
В-он соқии ҳар ҳастӣ бо соғари шоҳона.
Ту вақфи хароботӣ, дахлат маю харҷат май,
З-ин вақф ба ҳушёрон маспор яке дона.
Ай лӯтии барбатзан, ту масттарӣ ё ман,
Ай пеши чу ту масте, афсуни ту афсона.
Аз хона бурун рафтам, мастӣ-м ба пеш омад,
Дар ҳар назараш музмар сад гулшану кошона.
Чун киштии белангар мурда каж мешуду маж мешуд,
В-аз ҳасрати ӯ мурда сад оқилу фарзона.
Гуфтам: «Зи куҷоӣ ту?» Тасхур заду гуфт: «Ай ҷон,
Ниме-м зи Туркистон, ниме-м зи Фарғона.
Ниме-м зи обу гил, ниме-м зи ҷону дил,
Ниме-м лаби дарё, ниме ҳама дар дона».
Гуфтам, ки «Рафиқӣ кун, бо ман, ки манам хешат,
Гуфто, ки «Бинашносам ман хеш зи бегона».
Ман бе сару дасторам, дар хонаи хумморам,
Як сина сухан дорам, он шарҳ диҳам ё на?
Дар ҳалқаи лангонӣ, мебояд лангидан,
Ин панд ниюшидӣ аз хоҷаи улёна.
Сармаст чунон хубӣ, кай кам бувад аз чӯбе,
Бархост фиғон охир, аз астану ҳаннона.
Шамсулҳақи Табрезӣ, аз халқ чӣ парҳезӣ,
Акнун ки дарафкандӣ сад фитнаи фаттона.
Ҷалолиддини Румӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев