В-аз ҳар тарафе рафтам, ту роҳбарам будӣ.
Бо ҳар ки сухан гуфтам, посух зи ту бишнуфтам,
Бар ҳар ки назар кардам, ту дар назарам будӣ.
Ҳар шаб, ки қамар тобид, ҳар субҳ, ки сар зад шамс,
Дар гардиши рӯзу шаб шамсу қамарам будӣ.
Дар субҳдами ишрат ҳамдӯши ту мерафтам,
Дар шомгаҳи ғурбат болини сарам будӣ.
Дар хандаи ман чун ноз дар кунҷи лабам хуфтӣ,
Дар гиряи ман чун ашк дар чашми тарам будӣ.
Чун тарҳи ғазал кардам, байтулғазалам гаштӣ,
Чун арзи ҳунар кардам, зеби ҳунарам будӣ.
Овоз, чу мехондам, сӯзи ту ба созам буд,
Парвоз, чу мекардам, ту болу парам будӣ.
Ҳаргиз дили ман ҷуз ту ёри дигаре нагзид,
В-ар хост, ки бигзинад, ёри дигарам будӣ.
Сармад ба диёри худ, аз роҳ расида, гуфт:
«Ҳар ҷо ки сафар кардам, ту ҳамсафарам будӣ».
Содиқи Сармад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев