Гар асири донишам, тадбир ку?
Гар зи хокам, ин рамиданҳо зи чист?
В-ар зи бодам, орамиданҳо зи чист?
Гар зи оташ, пас чӣ шуд хокистарам?
Шуд куҷо дуду шарору ахгарам?
Гар шудам пайдо ба иқболи суҷуд,
Аз суҷуди беҳузури ман чӣ суд?
Саҷдае, ин хок молидан ба рӯст,
Дар риёи ман зиёи абруст.
Гар шудам пайдо, ки назди ину он,
Сар ниҳам ба ҳар адои имтинон.
Пас зи фарқам тоҷи каррамно чӣ шуд?
Он ҳумоюн маснади аъло чӣ шуд?
Гар шудам пайдо, ки пардозам сухан,
Шамъсон сӯзам миёни анҷуман.
Сӯхтам, аммо чӣ шуд анвори ман?
Тобиши пояндаи гуфтори ман?
Ақл додандам, ки донам рози дӯст,
Ман надидам ин дам, охир, ғайри пӯст.
Ё нигоҳи дониши ман хира шуд,
Ё гуҳар пинҳон дар оби тира шуд.
Ҳар ду гар бошад чунин, пас чора чист?
Чорасози мардуми овора кист?
Гар шудам пайдо, ки дар заҳмат шавам,
Дигаронро мояи роҳат шавам,
Дигарон баҳри чӣ дар заҳмат-даранд?
Аз вуҷуди ман чаро меҳнат баранд?
Ман, ки худ дар кори худ овораам,
Дар ғаму дарди касон бечораам.
Гар шудам пайдо, ки мушти хоки ман,
Созад обод ин шабистони куҳан,
Аз чӣ рӯ якбора вайронаш кунанд,
Бо адам ҳамдӯшу яксонаш кунанд?
Гар шудам пайдо барои имтиҳон,
Имтиҳону мушти хоке нотавон.
Пас маро доданд иззи ҷону тан,
То дар оғӯши лаҳад созам ватан.
Пайкари худро барам то гӯри тор,
Созам аз тан тӯъма баҳри мӯру мор.
Пас биёр, ай мутриби ҷонсӯз, най,
Нола сар кун аз лаби хунбори вай.
Бар саломи ман ба гӯри тори ман,
Гӯ паёми ман ба мӯру мори ман:
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
گر اسير دانشم تدبير کو؟
گر ز خاکم اين رميدن ها ز چيست؟
ور ز بادم آرميدن ها ز چيست؟
عقل دادندم که دانم راز دوست
من نديدم اين دم آخر غير پوست
گر شدم پيدا برای امتحان
امتحان و مشت خاک ناتوان
گر شدم پيدا که درد همراز شوم
ديگران را مايه راحت شوم
من اگر ديوانه ام زنجير کو؟
گر اسر دانشم تدبير کو
استاد خلیلی
Халилуло Халилӣ..шоири афғон