Предыдущая публикация
Ба нозе, ки Лайло ба маҳмил нишинад.
Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ,
Зи боме, ки бархост, мушкил нишинад.
Халад гар ба по хоре осон барорам,
Чӣ созам ба хоре, ки дар дил нишинад?
Ба дунболи маҳмил чунон зор гирям,
Ки аз гиряам ноқа дар гил нишинад.
Пайи ноқааш рафтам оҳиста, тарсам
Ғуборе ба домони маҳмил нишинад.
Ба дунболи маҳмил сабуктар қадам зан,
Мабодо ғуборе ба маҳмил нишинад.
Аҷаб нест хандад агар гил ба сарве,
Ки дар ин чаман, пой дар гил нишинад,
Бинозам ба базми муҳаббат, ки он ҷо
Гадое ба шоҳе муқобил нишинад.
Табиб аз талаб дар ду гетӣ маёсо,
Касе чун миёни ду манзил нишинад.
Табиби Исфаҳонӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев