Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон, баҳри Худо,
Бинишинед ба боғеву маро ёд кунед.
Андалебон, гули сурӣ ба чаман кард вуруд,
Баҳри шодбоши қудумаш ҳама фарёд кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, ай мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ҳар ки дорад зи шумо мурғи асире ба қафас,
Бурда дар боғу ба ёди манаш озод кунед.
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок?!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Шамъ агар кушта шуд аз бод, мадоред аҷаб,
Ёди парвонаи ҳастӣ шуда барбод кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷавру бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
Ай бузургони Ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи Мӯре вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.
Маликушшуаро Баҳор
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3