Тарки мани харобе, шабгарди мубтало кун.
Моему мавҷи савдо, шаб то ба рўз танҳо,
Хоҳӣ, биё, бубахшо, хоҳӣ бирав, ҷафо кун.
Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наяфтӣ,
Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи балош кун.
Моему оби дида дар кунҷи ғам хазида,
Бар оби дидаи мо сад ҷой осиё кун.
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикшад, касаш нагўяд, тадбири хунбаҳо кун.
Бар шоҳи хубрўён воҷиб вафо набошад,
Эй зардрўй ошиқ ту сабр кун, вафо кун.
Дардест ғайри мурдан к‐онро даво набошад,
Пас ман чӣ гуна гўям, к‐он дардро даво кун.
Дар хобҳ дўш пире дарр кўйи ишқ дидам,
Бо даст ишоратам кард, ки азм сўйи мо кун.
Гар аждаҳост дар раҳ ишқ аст чун зумуррад,
Аз барқи он зумуррад ҳин дафъи аждаҳо кун.
Бас кун, ки бехудам манн в‐ар ту ҳунарфазоӣ,
Таърихи Бу алӣ гў, танбеҳи Булало кун.
Ҷалолиддинӣ Румӣ.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев